Эътирози Прокуратураи генералӣ нисбат ба ҳукми мансабдори милиса

Прокуратураи генералӣ ба ҳукми суди вилояти Хатлон аз 25-уми июни соли ҷорӣ нисбат ба собиқ муовини ШВКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов эътироз овард. Ба гуфтаи Рустам Давлатшоев, адвокати Наботов, сабаби эътироз тағйир додани моддаи 319 (Пора гирифтан) ба моддаи 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ бевосита пеш аз эълони ҳукм аст. Аммо адвокат ҳукми судро қонунӣ мешуморад: […]

Сайраҳмон Назриев


Прокуратураи генералӣ ба ҳукми суди вилояти Хатлон аз 25-уми июни соли ҷорӣ нисбат ба собиқ муовини ШВКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов эътироз овард.

Ба гуфтаи Рустам Давлатшоев, адвокати Наботов, сабаби эътироз тағйир додани моддаи 319 (Пора гирифтан) ба моддаи 247 (Қаллобӣ)-и КҶ ҶТ бевосита пеш аз эълони ҳукм аст.

Аммо адвокат ҳукми судро қонунӣ мешуморад: «Ҳам дар тафтишоти пешакӣ ва ҳам дар ҷараёни мурофиаи судӣ айби зерҳимояи ман дар гирифтани пора исбот нашуд. Дар амалҳои ӯ аломатҳои ҷиноии дар моддаи 319 пешбинишуда ҷой надошт. Ва суд дақиқан ба ин ҳолатҳо баҳо дод».

Ёдрас мекунем, ки 25-уми июни соли равон суди вилояти Хатлон собиқ муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботовро мутобиқи моддаҳои 247, қ. 3 (Қаллобӣ) ва 358, қ. 1 (Боздошти ғайриқонунӣ) гунаҳкор дониста, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан гурӯҳи тафтишотӣ ба ӯ тибқи моддаи 319 (Гирифтани пора) низ айбнома пешниҳод карда буд, вале суд онро ба моддаи 247, қ 3 (Қаллобӣ) тағйир дод.

Ҳамроҳ бо Наботов аз рӯйи ин парванда собиқ сарваколатдори шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД-и ҳамин ноҳия Маҳмад Шарифов низ ҷавобгӯ буд. Суд ӯро ба муддати 112 соли зиндон маҳкум намуд.

Татяна Умарова, адвокати Маҳмад Шарифов, ҳукми судро ғайриқонунӣ хонда, бо тартиби кассатсионӣ аз болои он шикоят бурданист.

Ёдрас мекунем, ки баррасии парвандаи ҷиноии собиқ муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов 19-уми апрели соли равон оғоз гардид. Дар таърихи 7-уми октябри соли 2011 мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба муовини сардори ШКД-и ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.

Дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки кормандони милиса бо мақсади минбаъд тамаъ кардани пора ба дохили автомашинаи яке аз соҳибкорони маҳаллӣ маводи нашъаовар партофтанӣ шудаанд ва ин ҳодиса боиси боздошти онҳо шудааст.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.