Ҳамоиши ҷаҳонии «Занон ва Бедории исломӣ» дар Теҳрон

Чанде қабл дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон Ҳамоиши ҷаҳонии «Занон ва Бедории исломӣ» ба кор шурӯъ кард. Дар кори он беш аз 1 ҳазору 200 нафар занон аз 80 кишвари дунё ширкат доранд. Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Маҷмаъи ҷаҳонии Бедории исломӣ, ки соли 2011 дар Теҳрон бо иштироки 700 тан […]

Меҳрангез Турсунзода


Чанде қабл дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон Ҳамоиши ҷаҳонии «Занон ва Бедории исломӣ» ба кор шурӯъ кард. Дар кори он беш аз 1 ҳазору 200 нафар занон аз 80 кишвари дунё ширкат доранд.

Қобили зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Маҷмаъи ҷаҳонии Бедории исломӣ, ки соли 2011 дар Теҳрон бо иштироки 700 тан фаъолон аз 81 кишвари дунё таъсис дода шуд, доир мегардад. Дар чаҳорчӯби қарорҳои қабулшуда Маҷмаъи ҷаҳонии Бедории исломӣ моҳи январи соли равон дар Теҳрон таҳти унвони «Ҷавонон ва Бедории исломӣ» конфронси байнулмилалӣ баргузор намуд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, дабири кулли Маҷмаи Ҷаҳонии Бедории Исломӣ Алиакбари Вилоятӣ, собиқ нахуствазири Ироқ Иброҳим Ҷаъфарӣ, роҳбари Шӯрои олии исломии Ироқ Аммар Ҳаким ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд.

Дар маросими кушоиши ҳамоиш президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва дабири кулли Маҷмаи Ҷаҳонии Бедории Исломӣ Алиакбари Вилоятӣ суханронӣ карданд.

Алиакбари Вилоятӣ аз ҷумла зикр кард, ки занони намояндагони халқҳои гуногун ва гурӯҳҳои этникӣ бори нахуст аст, ки ба ин миқдор дар ин ҳамоиш гирдиҳам меоянд ва то ҳанӯз ин шумори занон дар ҳеҷ ҳамоиши дигари ҷаҳонӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Алиакбари Вилоятӣ зикр кард, ки барои иштирок дар кори ҳамоиш қаблан 6 комиссия таъсис дода шуда, ба ин комиссия ҷиҳати омӯзиш беш аз 400 маводи илмӣ пешниҳод гардиданд. Дар асоси натиҷаи кори ин комиссияҳо Изҳороти умумии ҳамоиш қабул хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар кори ҳамоиш таҳти сарварии узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ ҳайати Тоҷикистон низ иштирок дорад. Ба ҳайати Тоҷикистон фаъолзанони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.