«Тоҷик Эйр» парвози нахустин ба Бокуро анҷом дод

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустин тавассути хатсайри нави Душанбе-Боку-Душанберо анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, дар парвози нахуст соати 07:30-и субҳ 11 нафар мусофирон дар ҳавопаймои бароҳату замонавии Боинг 737-500 ба Боку сафар карда, давомнокии парвоз 3 соатро ташкил додааст. «Дар фурудгоҳи Боку мусофиронро кормандони намояндагиҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози нахустин тавассути хатсайри нави Душанбе-Боку-Душанберо анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, дар парвози нахуст соати 07:30-и субҳ 11 нафар мусофирон дар ҳавопаймои бароҳату замонавии Боинг 737-500 ба Боку сафар карда, давомнокии парвоз 3 соатро ташкил додааст. «Дар фурудгоҳи Боку мусофиронро кормандони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон, рӯзноманигорони маҳаллӣ, мақомоти роҳбарии фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоии «Азал» пешвоз гирифтанд.

Зимни суханронӣ дар маросими муаррифии хатсайри нав дар фурудгоҳи шаҳри Боку мудири кулли ҶСК «Тоҷик Эйр» Музафар Исҳоқов изҳор кард, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим миёни кишварҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстиву рафоқат миёни мардуми Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, аз Боку ҳавопаймо бо 5 мусофир соати 15:15 бо майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омад. Билетҳо ба ин хатсайр бо қимати 240 евро фурӯхта шуданд.

Қобили зикр аст, ки парвозҳо тавассути хатсайри Душанбе-Боку-Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.