Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба макотиби олӣ 10 рӯз дароз шуд

Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов иттилоъ дод, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба макотиби олии кишвар то 10-уми август дароз карда шуд. Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби ба таъхир афтодани додани шаҳодатномаҳо (аттестат) ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул шудааст. «Ҳамчунин муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ низ то 20-уми […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов иттилоъ дод, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба макотиби олии кишвар то 10-уми август дароз карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби ба таъхир афтодани додани шаҳодатномаҳо (аттестат) ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул шудааст. «Ҳамчунин муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ низ то 20-уми август дароз гардид», – гуфт вай.

Н.Саидов изҳор кард, ки айни замон шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ба ҳамаи 88 ҳазор нафар хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ дастрас гардида, то 11-уми июл тамоми хатмкардагони синфи 9-ум низ бо шаҳодатномаҳо таъмин карда мешаванд.

Дар робита ба масъалаи ба таъхир афтодани пешниҳоди шаҳодатномаҳо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ, вазири маориф гуфт, ин ба иллати дар аттестатҳо ошкор шудани ноқисиҳо ва норасоиҳои техникӣ ба амал омад.

«Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки ҳуқуқи истисноии нашри шаҳодатномаҳо дар бораи хатми таҳсилро доро аст, зимни ба чоп расонидани онҳо ба иштибоҳ роҳ дод ва мо маҷбур шудем, ки тақрибан 70 ҳазор варақаҳои шаҳодатномаҳоро ба нашриёт бозпас баргардонем», – гуфт ӯ.

Вазири маориф хотирнишон сохт, ки соли гузашта ҳодисаи ғайриқонунӣ додани қариб 2 ҳазор адад шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ошкор шуда буд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.