Вохӯрии Э.Раҳмон бо дастаи олимпии Тоҷикистон дар Лондон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Лондон бо дастаи олимпии Тоҷикистон вохӯрӣ доир месозад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар дод, сарвари давлат ба варзишгарон комёбиҳо орзу намуда, қабл аз оғози мусобиқот онҳоро рӯҳбаланд ва баҳри кӯшиш ба харҷ додан барои ба даст овардани ғалаба ҳидоят хоҳад намуд. Ба иттилои […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Лондон бо дастаи олимпии Тоҷикистон вохӯрӣ доир месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар дод, сарвари давлат ба варзишгарон комёбиҳо орзу намуда, қабл аз оғози мусобиқот онҳоро рӯҳбаланд ва баҳри кӯшиш ба харҷ додан барои ба даст овардани ғалаба ҳидоят хоҳад намуд.

Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии тобистона рӯзи 27-уми июл дар варзишгоҳи дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст дар Лондон доир мегардад. Варзишгарони тоҷик гурӯҳ-гурӯҳ ба олимпиада сафарбар мешаванд. Санаи 25-уми июл ҳайати мукаммали дастаи олимпичиёни тоҷик дар Лондон гирдиҳам меоянд.

То кунун шумори варзишгарони тоҷик, ки ба роҳхати олимпӣ соҳиб шуданд, 16 нафарро ташкил медиҳад. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод), Владислава Овчаренко (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.

Бозиҳои олимпӣ дар Лондон 27-уми июл оғоз гардида, то 12-уми августи соли равон идома меёбанд. Ҳукумати Британияи Кабир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Лондон-2012 даъват кард. Ахири моҳи апрели соли равон тавассути сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Ҷереми Орд Смит ин даъватнома ба Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд.

Аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони тоҷике, ки ба гирифтани медали тилои Олимпиада сазовор мегарданд, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, онҳоро ба унвони шаҳрванди фахрии пойтахт сарфароз мегардонад. Дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпиада аз Тоҷикистонро мақомоти шаҳрдории пойтахт мутаносибан бо 45 ҳазор ва 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳад кард.

Ғайр аз ин, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом дошт, ки ба ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон, ки соҳиби ҷойизаҳои Олимиада мегарданд, дар пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа хоҳад намуд.

ҶСК «Ориёнбонк»ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус»-ро ваъда кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.