Хуҷанд: Занони гумонбар ба қочоқи инсон маҳкум шуданд

Суди шаҳри Хуҷанд нисбат ба ду нафар занон, ки ба даст доштан дар ҷалби одамон барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ айбдор карда мешуданд, ҳукм содир намуд. Мурофиаи судии нисбати ду нафар занон – сокини 33-солаи ноҳияи Зафаробод ва сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд нисбат ба ду нафар занон, ки ба даст доштан дар ҷалби одамон барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ айбдор карда мешуданд, ҳукм содир намуд.

Мурофиаи судии нисбати ду нафар занон – сокини 33-солаи ноҳияи Зафаробод ва сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров хабар дод, яке аз занон дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 247, қ. 2, б. «в» (Қаллобӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд), 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суисқасди ҷиноят) ва 132, қ. 3, б. «б» ((Ҷалби одамон барои истисмор бо мақсади аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани чунин шахсон)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 6 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум гардид.

Зани дуюм мутобиқи моддаи 132, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор дониста шуда, ба муддати 5 сол равонаи зиндон шуд.

Судя зикр кард, ки яке аз занон таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта, 28-уми феврали соли равон ҳангоми парвоз ба Шарҷа дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шудааст. Тибқи маълумоти расида ба кормандони мақомот, ин зан ба сафарбар намудани духтарон ба хориҷи кишвар барои истифода бо мақсадҳои шаҳвонӣ машғул будааст.

«Дар ҷараёни тафтишот ӯ иқрор шуд, ки бо сокини 30-солаи шаҳри Чкаловск ҳамроҳ кор мекардаанд ва ӯ барои ҳар як духтари пешниҳодшуда ба ҳаммаслакаш 500 доллари ИМА маблағ медодааст», – зикр кард судя.

Шуҳрат Аҳроров гуфт, дар ҷараёни мурофиаи судӣ ва то замони ҳукми қонунӣ гирифтани ҳалномаи суд ба зани 30-сола тарк кардани маҳалли сукунат манъ шудааст, зеро се нафар фарзандони ноболиғи аз 5 то 8-соларо ӯ яккаву танҳо тарбия мекунад.

«Суд дархост кард, ки кӯдакони занони маҳкумшуда то аз зиндон озод шудани онҳо ба тарбияи модаронашон дода шаванд», – афзуд Аҳроров.

Ҳалномаи суд ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифта, дар муддати 10 рӯз маҳкумшудагон метавонанд аз болои он шикоят баранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.