Кӯмаки ИА ба Тоҷикистон дар ташаккули «Равзанаи ягона»

Иттиҳоди Аврупо барои ташаккули “Равзанаи ягона” оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. Евро ҷудо намуд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар дафтари намояндагӣ роҳбарияти олии Ширкати INTRASOFT International S.A. ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ оид ба хотимаи марҳилаи аввал ва оғози […]

ASIA-Plus


Иттиҳоди Аврупо барои ташаккули “Равзанаи ягона” оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. Евро ҷудо намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар дафтари намояндагӣ роҳбарияти олии Ширкати INTRASOFT International S.A. ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ оид ба хотимаи марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи таҳлили чуқур ва тарҳи сохтори лоиҳа муаррифиномае гузаронид. Дар маърӯза мақсади марҳилаи ояндаи лоиҳа қайд гардид, ки онро сипас иштирокчиён ба таври фаъол муҳокима намуданд.

Ба иттилои манбаъ, Иттиҳоди Аврупо ва ташкилоти Intrasoft International S.A. шартномаи татбиқ намудани лоиҳаи «Дастгирии ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Дар назар аст, ки дар чорчӯбаи шартномаи мазкур таъминоти барномавии Равзанаи ягона мувофиқи ваколат ва вазифаҳои мушаххас тарҳ кашида ва бароварда хоҳад шуд. Пудратчӣ сохтори Равзанаи ягонаро татбиқ намуда, онро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, инчунин дар 15 ташкилотҳои аслии дигар, аз ҷумла сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои тиҷоратии миёнарав, ба кор меандозад.

Пудратчӣ ба дараҷаи мусовӣ барои омӯзиши кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» ва дигар ташкилотҳои аслӣ ӯҳдадор хоҳад буд. Вай инчунин тавсифи ҷузъиёти қисматҳои таҷҳизотии Равзанаи ягонаро пешниҳод хоҳад кард, то ин ки оғоз кардани тендери таҳвилкунии лавозимот аз тарафи Намояндагии ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир бошад. Пудратчӣ бояд маълумотии лоиҳаро таъмин намуда, бо Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ки дар Вазорати рушди иктисодӣ ва савдо баргузор мегардад ва масъулияти роҳбарии умумӣ ва назорат аз болои ҷорӣ намудани Барномаи давлатии ташаккули Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, дар алоқа бошад.

INTRASOFT International S.A. ширкати пешқадами аврупоӣ дар соҳаи хаизматрасонии технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ мебошад. Ширкат дастаи васеи фаъолиятро барои гурӯҳи васеи ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти маҳаллии давлатӣ ва хусусӣ амалӣ менамояд. INTRASOFT International S.A. дар бозор дар соҳаи барпо намудан, ҳамгироӣ, васлкунӣ ва идораи фаъолияти системаи иттилоотӣ барои Хадамоти гумрук, ки дигар ташкилотҳои давлатӣ ва хусусиро дарбар мегирад, ширкати пешбар мебошад. Фаъолияти он тамоми ҷабҳаҳои гумрук ва ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла пешниҳоди экспертизаи техникӣ, автоматикунонии гумрук ва ҷараёни кори дигар ташкилотҳои давлатиро бо мақсади инъикос намудани ниёзи сатҳи миллӣ ва минтақавӣ бо дарназардошти стандартхои байналмилалӣ дарбар мегирад.

Дар охири соли 2011 Ширкати INTRASOFT International зиёда аз 1600 нафар корманд дошт, ки онхо дар Белгия, Люксембург, Юнон, Руминия, Дания ва Иордания фаъолият намуда, 24 фоизи онҳо унвони баъдидипломӣ доранд ва намояндагони 20 миллатҳои гуногун буда, донандаи зиёда аз 15 забон мебошанд.

Иттиҳоди Аврупо аз 27 мамолики узв иборат буда, донори бузургтарини дунё маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бештарин ҳиссаи ёрии дутарафаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ (66 миллион евро барои 2007-2010 ва 62 миллион барои 2011-2013) барои дастгирии барномаҳои секторӣ, ёрии техникӣ ва грантӣ соҳиб мешавад. Ин ёрӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, пешравии тандурустӣ ва сектори хусусӣ равона карда мешавад. Тоҷикистон, ҳамчунин, аз ёрии минтақавӣ ва мавзӯӣ дар чунин соҳаҳо, ба мисли назорати сарҳадӣ ва мубориза алайҳи нашъаҷалобӣ (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), об/муҳити атроф, муҳоҷират, ҳуқуқи башар ва демократия (EIDHR), сохторҳои ғайридавлатӣ (NSA) ва тараққиёти муассисаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) бархӯрдор аст. Аз соли 1992 инҷониб Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 550 млн. евро кӯмак фароҳам намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.