Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба макотиби олӣ 10 рӯз дароз шуд

Date:


Зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов иттилоъ дод, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба макотиби олии кишвар то 10-уми август дароз карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби ба таъхир афтодани додани шаҳодатномаҳо (аттестат) ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ чунин қарор қабул шудааст. «Ҳамчунин муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ низ то 20-уми август дароз гардид», – гуфт вай.

Н.Саидов изҳор кард, ки айни замон шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ба ҳамаи 88 ҳазор нафар хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ дастрас гардида, то 11-уми июл тамоми хатмкардагони синфи 9-ум низ бо шаҳодатномаҳо таъмин карда мешаванд.

Дар робита ба масъалаи ба таъхир афтодани пешниҳоди шаҳодатномаҳо ба хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ, вазири маориф гуфт, ин ба иллати дар аттестатҳо ошкор шудани ноқисиҳо ва норасоиҳои техникӣ ба амал омад.

«Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод», ки ҳуқуқи истисноии нашри шаҳодатномаҳо дар бораи хатми таҳсилро доро аст, зимни ба чоп расонидани онҳо ба иштибоҳ роҳ дод ва мо маҷбур шудем, ки тақрибан 70 ҳазор варақаҳои шаҳодатномаҳоро ба нашриёт бозпас баргардонем», – гуфт ӯ.

Вазири маориф хотирнишон сохт, ки соли гузашта ҳодисаи ғайриқонунӣ додани қариб 2 ҳазор адад шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсил ошкор шуда буд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...