Мулоқоти раиси ҲНИТ бо муҳоҷирони кории тоҷик

Date:


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳидин Кабирӣ зимни сафараш дар Русия бо намояндагони муҳоҷирон тоҷик ва донишҷӯёни тоҷик дар маркази ҷамъиятии «Собрание»-и шаҳри Маскав мулоқот кард.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар ин вохурӣ Абдуллоҳ Давлатов – раиси Иттиҳодияи тоҷикони муқими Русия, намояндаҳои муҳоҷирин аз шаҳрҳои Санкт-Петербург, Перм, Волгоград ва вилоятҳои Маскав ва донишҷуёну муҳоҷирони кории тоҷик ширкат варзиданд.

Муҳиддин Кабирӣ барномаи Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳодияи тоҷикони Русия, ҷиҳати таъсиси марказҳои омузишӣ барои маърифатнок намудани муҳоҷирони тоҷик ва омӯзонидани забони русиро фоли нек ҳисобида, гуфт: «Агар ин иттиҳодия ба мо такя кунад, мо аз Тоҷикистон биноро меёбем. Аммо беҳтар он аст, ки Иттиҳодияи тоҷикон ин иқдомро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати кишвар анҷом диҳад. Ба ҳар сурат, мо омодаи кумак ҳастем».

Ҳамчунин ҷаноби Кабирӣ аз фаъолони тоҷик дар Русия даъват кард, ки марказҳои фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар коҳиш додани мушкилоти муҳоҷирон кумак мекунанд, таъсис диҳанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related