Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, кормандони милиса дар лату кӯби мудири кулли намояндагии ширкати ҳавопайоии «Тоҷик Эйр» Қиёмиддин Саидов даст надоранд.
Муовини сардори Раёсати иттилооти Сарраёсати ВКД ФР дар Санкт-Петербург Элмар Шаҳирзаев дар суҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ин маълумотро ӯ танҳо аз ин ҷо дарёфт карда, ба раёсат қаблан дар ин хусус ҳеҷ маълумоте нарасидааст.
«Пас аз дарёфти маълумоти Шумо мо ба бемористон ба аёдати Қ. Саидов рафтем, – гуфт Э. Шахирзаев. – Аммо Саидов чизе намегӯяд, ӯ хомӯш аст».
Ба қавли Шахирзаев, шоҳидони ҳодиса баёнот додаанд, ки ҳамон шаб Қ.Саидов ва як гурӯҳи дигари шахсон бо ҳам занозанӣ доштаанд ва шояд аз ин ҷанҷол Қ.Саидов ҷароҳат гирифта бошад. «Ин замон кормандони пулис ҳозир шуда, ҳама пароканда мешаванд, – мегӯяд Шахирзаев. – Барои дақиқан муайян кардани ҷузъиёти дигари ҳодиса лозим аст, ки худи Қ.Саидов ба мо ҳамаи ҳодисаи шударо ҳикоят кунад».
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки вазъи саломатии Қ.Саидов қаноатбахш буда, қабурғаҳояш нашикастаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз бемористони Мариинск дар бораи вазъи саломатии Қ.Саидов маълумоти муфассал дастрас намояд. «Вазъи солимии ӯ миёна буда, ҳарораташ муътадил аст», – гуфтанд аз ин бемористон.
Ёдрас мекунем, ки дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» худи ҷабрдида гуфта буд, ки шаби 6 ба 7-уми июл тақрибан соатҳои 01:30 се нафар корманди пулис ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд.
«Он замон ман меҳмононро аз тарабхонаи худам гусел мекардам, – ҳикоят карда буд ҷабрдида. – Ҳангоме ки назди мошини онҳо омадем, се нафар кормандони хадамоти нигаҳбонии тартибот аз автомашинаашон берун омада, ҳуҷҷатҳои меҳмонони маро тафтиш карданд. Сипас дар бораи мавҷуд будани аслиҳа пурсида, посух гирифтанд, ки барои нигаҳдории онҳо меҳмонон ҳуҷҷати дахлдор доранд».
Ба гуфтаи Қ.Саидов, ӯ ба кормандони милиса муроҷиат карда, гуфтааст, «агар ҳамаи меҳмонони маро чунин тафтиш кунанд, пас оянда ҳеҷ кас ба тарабхона намеояд». Кормандони милиса ба ӯ посух гуфтаанд, ки онҳо аз ӯ нахоҳанд пурсид, ки киро боздошт кунанду киро на ва дағалона ба ӯ супориш додаанд, ки аз назди автомашина дур шавад.
«Вақте ман аз онҳо пурсиданӣ шудам, ки чаро ба ман супориш медиҳанд, ки аз назди автомашина дур шавам, рафтори онҳо боз бештар дағалонатар шуд. Ман аз онҳо пурсидам, ки магар ман дар назди тарабхонаи худ қарор дошта наметавонам ва бо кадом асос ба ман чунин рафтор мекунанд. Яке аз онҳо маро ба каноре кашида, ба дастонам завлона зад ва ба латукӯб оғоз намуданд», – изҳор дошта буд ҷабрдида.
Қиёмиддин Саидов муддати чор рӯз аст, ки дар бемористони Мариински шаҳри Санкт-Петербург бистарӣ аст. Саидов қаблан гуфта буд, ҷунбида наметавонаду аз сутунмӯҳра, қабурға ва мағзи сараш ҷароҳати вазнин гирифтааст.
Қиёмиддин Саидов ҳамчунин изҳор дошта буд, ки зимни муносибату рафтор суханони қабеҳи «чурка» ва «понаехали» ҳамеша вирди забони кормандони милиса будааст.


