Кӯмаки Арабистони Саудӣ ба мусулмонони Тоҷикистон

Date:


Дар остонаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон кӯмаки ғизойӣ мерасонад.

Ба гуфтаи котиби матбуотии сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Салмон ал-Моликӣ, ҳаҷми кӯмак 200 тоннаро ташкил дода, он асосан аз хурмо иборат хоҳад буд. Имрӯзу пагоҳ кӯмак ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Хурмо меваи дӯстдоштатарини пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) буд. Дар китоби Қуръони Карим калимаи «хурмо» беш аз 20 маротиба зикр мегардад. Дарахти хурмо нисбат ба дигар дарахтони мевадиҳанда бештар бо Ислому мусулмонон тавъам дониста мешавад. Моҳи Рамазон хурмо яке аз маҳсулоти асосии ғизойии мусулмонон тамоми ҷаҳон ба шумор меравад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...