Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо намояндагони парламенти Аврупоӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Струан Стивенсон баргузор гардид.
Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, расонидани кӯмак ба сохторҳои дахлдори кишвари мо дар самти таҷҳизоти техникӣ, шиносоӣ бо фаъолияти Маркази таълимии кинологӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин коркарди ҳамкориҳои стратегӣ дар ин самт аз ҷумлаи масоили асосии вохӯрӣ буданд.
Директори Агентӣ меҳмонҳоро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шинос намуд. Вай ба ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мустаҳкам кардани назорат дар сарҳад ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор баҳои баланд дод.
Ҷаноби Стивенсон ба Директори Агентӣ дар бораи фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар самти мустаҳкам кардани сарҳад ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар кишварҳои Осиёи Миёна хабар дод. Дар бораи нақшаҳои наздиктарини Иттиҳоди Аврупо сухан гуфта, вай қайд кард, ки ташкилот диққати асосиро ба масъалаҳои амният, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор равона месозад.
Ҳамчунин чанде қабл намояндагони Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии ҷаноби Струан Стивенсон бо олимони тоҷик мулоқот ороста, бо таҳқиқоти онҳо дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа шинос шуданд.


