Дар шаҳри Ёсуи Ҷумҳурии Корея маросими Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи махсуси ЭСПО-2012 пуршукуҳ ҷашн гирифта шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, ҳайати Тоҷикистонро дар ин маросим муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Матлубхон Давлатов сарварӣ кард. Ба ҳайат ҳамчунин комиссари гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳ, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, раиси ПСС ҶТ, оператори миллии гӯшаи Тоҷикистон Шариф Саид ва сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Ғуломҷон Бобозода низ шомил буданд.
Ба иттилои манбаъ, комиссари генералии ЭСКПО-2012 Ли Чжун Хи ба меҳмонон барои иштирок дар кори намоишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуда, ин иқдомро дар таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Кореяву Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Ӯ гӯшаи Тоҷикистонро яке аз гӯшаҳои ҷолиб ва сертамошогари намоишгоҳ номид.
«Зимни суханронӣ Матлубхон Давлатов зикр кард, ки таваҷҷуҳи зиёд ба гӯшаи Тоҷикистонро ба имконоти бузурги кишвар барои роҳандозии ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ марбут медонад», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар қисмати консертии чорабинӣ гурӯҳи доирадастону карнайнавозони тоҷик ва ҳунарпешагони ансамбли рақсии «Гулрез» хотири ҳозиринро шоду болида гардониданд.


