Нур Нуров аз мансаби судяи Суди олии Тоҷикистон бозхонда шуд

Судяи Суди олии Тоҷикистон Нур Нуров аз мансабаш бозхоста шуд. Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аъзои палатаи болоии парлумони кишвар ин пешниҳоди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро маъқул шумориданд. Қаблан аъзои Маҷлиси миллӣ бо дархости Прокуратураи генералӣ ӯро аз дахолатнопазирӣ низ маҳрум намуда, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашилдани ӯ розигӣ доданд. Дархости ба […]

Аваз Юлдошев


Судяи Суди олии Тоҷикистон Нур Нуров аз мансабаш бозхоста шуд. Дар иҷлосияи имрӯзаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аъзои палатаи болоии парлумони кишвар ин пешниҳоди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро маъқул шумориданд.

Қаблан аъзои Маҷлиси миллӣ бо дархости Прокуратураи генералӣ ӯро аз дахолатнопазирӣ низ маҳрум намуда, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашилдани ӯ розигӣ доданд.

Дархости ба ҷавобгарӣ кашидани Нур Нуров ва дар сурати зарурат ба ҳабс гирифтани ӯ аз ҷониби Прокурори генералӣ пешниҳод гардид.

Аз ин пештар Н.Нуров ба Агентии зиддифасод ба сифати шоҳид оид ба парвандаи «исфарагиҳо» ба бозпурсӣ даъват шуда буд.

Нур Нуров собиқаи 30-солаи корӣ дошта, аз моҳи июли соли 2008 то моҳи июни соли 2009 дар мурофиаи судӣ нисбат ба 33 нафар сокинони ноҳияи Исфрара дар робита ба парвандаи собиқ директори корхонаи кимиёи Исфара ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев иштирок карда буд.

Пас аз содир шудани ҳукм нисбат ба 33 нафар сокинони ноҳияи Исфара собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ба он эътироз оварда, онро ғайримунсифона арзёбӣ кард.

Парвандаи мазкур дар васоити ахбори умуми ватанӣ ва хориҷӣ ба таври густарда инъикос гардид ва ҳатто се нафар судяҳо, аз ҷумла Нур Нуров низ аз болои чанде аз нашрияҳо шикоят бурда, онҳоро дар инъикоси таҳрифомези қазия айбдор ва дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб карданд.

Акнун пас аз бозгашти Низомхон Ҷӯраев аз Маскав тафтишоти парвандаи мазкур идома ёфта, дар он ҳолатҳои нав рӯйи кор омаданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.