Р.Менглиев: Кормандони муассисаи ислоҳотӣ дар марги маҳбусон гунаҳкор нестанд

Аз мансаб сабукдӯш гардидани мақомоти раҳбарии муассисаи ислоҳотии ЯС 3/2 дар Ваҳдат ба як қатор ҳодисаҳои худкушӣ миёни маҳбусон дар муддати кӯтоҳ дар ин муассиса марбут нест, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев. Ба гуфтаи вай, дар ин ҷо танҳо ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифта, айни замон сардори муассисаи ислоҳотии Ваҳдат […]

Наргис Ҳамробоева


Аз мансаб сабукдӯш гардидани мақомоти раҳбарии муассисаи ислоҳотии ЯС 3/2 дар Ваҳдат ба як қатор ҳодисаҳои худкушӣ миёни маҳбусон дар муддати кӯтоҳ дар ин муассиса марбут нест, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев.

Ба гуфтаи вай, дар ин ҷо танҳо ҷойивазкунии кадрҳо сурат гирифта, айни замон сардори муассисаи ислоҳотии Ваҳдат ва муовини ӯ дар ихтиёри шуъбаи кадрҳои вазорат қарор доранд.

«Ахиран дар ин муассисаи ислоҳотӣ се ҳодисаи марги маҳбусон ба қайд гирифта шуд, – тасдиқ кард Менглиев. – Аммо ин ҳодисаҳо бо сабабҳои гуногун ба вуқӯъ пайваста, ба шиканҷа ва рафтори бераҳмона аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳотӣ рабт надоранд. Дар ҷараёни тафтишоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ошкор гардид, ки дар худкушии маҳбус Нӯъмон Сатторқулов ҳеҷ касе, аз ҷумла кормандони муассисаи ислоҳотӣ гунаҳкор нестанд. Дар робита ба марги маҳбуси дигар Аҷик Қаюмов Прокуратураи генералӣ тафтишоттро идома дода истодааст. Маҳбуси сеюм Алишер Қосимов бар асари аз бемории домана фавтидааст».

Ба қавли вазири адлия, ҳодисаи марги маҳбуси чорум дар ин муассиса – Далер Азизов ба қайд гирифта нашудааст.

Яке аз журналистон зикр кард, ки маҳбусон аз муассисаи ислоҳотии Ваҳдат ба ӯ занг зада, хабар додаанд, ки ҳангоми санҷиш аз онҳо ҳашт телефони мобилиашон гирифта шуда, онҳоро лату кӯб кардаанд. Ба ин Менглиев чунин посух дод: «Ҳангоми санҷиши нақшавӣ телефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи манъшуда миёни маҳбусон пайдо шудааст. Аммо нисьбат онҳо ҳеҷ кас аз хушунат кор нагирифтааст. Ман намегӯям, ки дар низоми мо чунин мушкилот вуҷуд надорад. Чанде қабл гузоришгари махсуси СММ оид ба масоили шиканҷа Хуан Мендес аз Тоҷикистгн боздид намуда, бо вазъи муассисаҳои ислоҳотӣ шинос ва хулосаи худро пешниҳод намуд, ки шумо аз ин огаҳед».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.