Оғози мурофиаи судии корманди воломақоми АНМН

Дар Суди олии ҷумҳурӣ мурофиаи судӣ нисбат ба сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ (АНМН) Равшанбек Мирзоаҳмедов оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олӣ хабар доданд, полковники АНМН ба суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ду нафар […]

ASIA-Plus


Дар Суди олии ҷумҳурӣ мурофиаи судӣ нисбат ба сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯйии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ (АНМН) Равшанбек Мирзоаҳмедов оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олӣ хабар доданд, полковники АНМН ба суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам карда мешавад. Ҳамроҳи ӯ дар курсии айбдорӣ ду нафар шаҳрвандони касбу кори дигар низ ҳузур доранд.

«Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Мирзоаҳмедов дар робита ба як чорабинии фаврӣ оид ба мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир боз гардид, ки ба андешаи тафтишот, бо риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ сурат гирифтааст. Ба то кадом андоза гунаҳкор будани Мирзоаҳмедов суд баҳо медиҳад», – гуфт як манбаъ дар АНМН.

Мирзоаҳмедов аввали моҳи март аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ боздошт шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.