Гирдиҳамоии тоҷикистониёни ИМА алайҳи амалиёти низомӣ дар Хоруғ

Як гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дирӯз дар назди қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк алайҳи амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва қатъ шудани иртиботи телефонӣ бо Бадахшон эътироз карданд. Дар он тоҷикистониёни муқими шаҳрҳои Нй-Йорк, Вашингтон ва Ню-Ҷерси ширкат варзиданд. Ҳамагӣ дар назди бинои СММ беш аз 30 нафар тоҷикистониён ҷамъ омада, дар даст овезаву шиорҳо доштанд. Дар овезаву […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дирӯз дар назди қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк алайҳи амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва қатъ шудани иртиботи телефонӣ бо Бадахшон эътироз карданд.

Дар он тоҷикистониёни муқими шаҳрҳои Нй-Йорк, Вашингтон ва Ню-Ҷерси ширкат варзиданд. Ҳамагӣ дар назди бинои СММ беш аз 30 нафар тоҷикистониён ҷамъ омада, дар даст овезаву шиорҳо доштанд. Дар овезаву шиорҳо даъватҳои пешгирии фалокати гуманитарӣ дар Тоҷикистон, қатъи амалиёти низомӣ ва барқарор кардани иртиботи телефонӣ бо Хоруғ дарҷ ёфта буданд.

Ҳарчанд аз қароргоҳи СММ ҳеҷ касе ба арзи эътирозгарон гӯш надода бошад ҳам, иштирокчиёни гирдиҳамоӣ ба унвони ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла намояндагиҳои СММ, САҲА, Комиссияи Аврупо ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои демократии муқими Тоҷикистон изҳорот омода сохтанд.

Муаллифони изҳорот аз амалиёти низомии идомадошта дар шаҳри Хоруғ шадидан изҳори нигаронӣ менамоянд. Дар изҳорот аз ҷумла зикр мегардад:

«Субҳи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ ва канори он амалиёти низомии сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо шумори беш аз 3 ҳазор сарбозону афсарон ва бо истифода аз чархболҳову зиреҳпӯшҳо оғоз гардид. Амалиёт бидуни огаҳӣ ва таъмини кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф дар макони сернуфус гузаронида мешавад. Тамоми иртибот бо сокинони Хоруғ қатъ гардида, беш аз 30 ҳазор нафар сокинони шаҳр бо шумули занону кӯдакон ва пиронсолон гаравгони амалиёти низомӣ гардидаанд. Ҳарчанд дар шаҳр то ҳанӯз мухолифини ҳукумат ҳузур дошта бошанд ҳам, ин барои зери хатар гузоштани ҳаёти мардуми осоишта сабаб буда наметавонад.

Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, шумори қурбониён 42 нафар арзёбӣ мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки хабаргузориҳои мустақил дар бораи на камтар аз 200 нафар қурбониён, аз ҷумла миёни аҳоии осоишта иттилоъ дода буданд.

Мо бар ин назарем, ки вазъи кунунӣ дар Помир дахолати фаврии СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои демократии муқими Тоҷикистонро тақозо дорад, вале сарфи назар аз муташанниҷии вазъ дар ВМКБ, онҳо хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Мо дархост мекунем, ки ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати қатъи задухӯрди мусаллаҳона дар Хоруғ ва барқарор кардани иртибот бо минтақа мусоидат карда шавад».

Имрӯз низ аз соати 11:00 то 15:00 дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирдиҳамоии осоиштаи тоҷикистониёни муқими ИМА доир мегардад. Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ умедворанд, ки ба хотири қатъи хушунат дар ВМКБ хабаргузориҳои маъруф аз ин иқдом дастгирӣ ва онро ҳамаҷониба инъикос хоҳанд кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.