Корҳои таҷдиди нерӯгоҳи «Варзоб-1» тирамоҳ ба анҷом мерасанд

Корҳои таҷдиди аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқии Тоҷикистон – «Варзоб-1» тирамоҳи соли равон ба анҷом мерасанд. Муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» Баҳром Азимов зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала гуфт, агрегати аввали нерӯгоҳи «Варзоб-1» моҳи октябр ва агрегати дуюм моҳи ноябри соли равон мавриди истифода қарор мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, корҳои таҷдиди нерӯгоҳ муддати […]

Пайрав Чоршанбиев


Корҳои таҷдиди аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқии Тоҷикистон – «Варзоб-1» тирамоҳи соли равон ба анҷом мерасанд.

Муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» Баҳром Азимов зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин масъала гуфт, агрегати аввали нерӯгоҳи «Варзоб-1» моҳи октябр ва агрегати дуюм моҳи ноябри соли равон мавриди истифода қарор мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, корҳои таҷдиди нерӯгоҳ муддати се сол идома доранд ва корҳои асосӣ аллакай анҷом ёфтаанд.

«Айни замон корҳо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд, – иброз дошт вай. – Дар иншооти асосӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Мо сарбанду каналро пурра хушк карда, онҳоро дақиқан санҷидем. Қариб тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз Ҳиндустон оварда шудааст. Айни замон корҳои насб ҷараён доранд».

Азимов хотирнишон сохт, ки ду ширкати Ҳиндустон – Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) ва National Power Corporation (NHPC) ба корҳои таҷдиди нерӯгоҳи барқии «Варзоб-1» машғуланд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ҳиндустон дар ҳаҷми 17 млн. $ грант ҷудо гардида буд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», пас аз анҷоми корҳои таҷдид иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-1» аз 7,4 то 9,4 МВТ афзуда, муҳлати коршоямии нерӯгоҳ ба муддати 50 соли дигар тамдид меёбад.

Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб аз се нерӯгоҳ иборат буда, иқтидори нерӯгоҳи «Варзоб-2» аз  ҳама бештар – 14,76 МВт аст. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Варзоб-1» – 7,4 МВт ва «Варзоб-3» 3,52 МВт-ро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи «Варзоб-1» аввалин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли 1936 ба истифода дода шудааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.