Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Туркманистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, вазири молияи Туркманистон Давлаткелдӣ Содиқовро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Туркманистон, вазири молияи Туркманистон Давлаткелдӣ Содиқовро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва илмӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки дар соли 2011 ҳамагӣ ба 194 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст, ба имкону захираҳои фаровони рушди ҳамкорӣ ҷавобгӯ нест.

Аз ин хотир изҳори боварӣ карда шуд, ки кори комиссияи муштарак ва сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшанд.

Интизор меравад, ки зимни ин сафар дар Туркманистон мииёни ду кишвар як зумра санадҳои нави муҳим доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо мерасанд.

 Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва мусоидат ба бозсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистони ҳамсоя гуфтугӯ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.