Нигаронии САҲА аз задухӯрдҳои низомӣ дар Тоҷикистон

Раиси амалкунандаи САҲА, муовини нахуствазири Ирландия ва вазири корҳои хориҷиву тиҷорат Эймон Гилмор аз задухӯрдҳои низомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба ҳалокати 42 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо тан боис гардиданд, изҳори нигаронӣ намуд. Дар изҳороти интишоркардаи САҲА гуфта мешавад, «ин хурӯҷи хушунату зӯроварӣ, ки ҳалокати даҳҳо танро бар ҷой гузошт, боиси нигаронии […]

ASIA-Plus


Раиси амалкунандаи САҲА, муовини нахуствазири Ирландия ва вазири корҳои хориҷиву тиҷорат Эймон Гилмор аз задухӯрдҳои низомӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба ҳалокати 42 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо тан боис гардиданд, изҳори нигаронӣ намуд.

Дар изҳороти интишоркардаи САҲА гуфта мешавад, «ин хурӯҷи хушунату зӯроварӣ, ки ҳалокати даҳҳо танро бар ҷой гузошт, боиси нигаронии амиқ аст». «Ман аз чунин вазъ хеле мутаассиф буда, бахусус аз иттилои ҷабрдидагон миёни аҳолии осоишта нигаронӣ дорам ва аз ҷонибҳо даъват мекунам, ки таҳаммулпазир бошанд», – изҳор доштааст Эймон Гилмор.

Раиси амалкунандаи САҲА ҳамчунин нисбат ба вазъи будубоши кормандони созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар минтақаи мазкур фаъолият доранд, низ изҳори ташвиш намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.