Баррасии вазъи Хоруғ дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат

Чанде қабл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати мамлакат баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис масъалаҳои умдаи ҳаёти ҷории кишвар, хусусан вазъи кунунии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Ба иттилои манбаъ, дар оғоз гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода […]

ASIA-Plus


Чанде қабл таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии ҳукумати мамлакат баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар маҷлис масъалаҳои умдаи ҳаёти ҷории кишвар, хусусан вазъи кунунии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар оғоз гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва аъзои гурӯҳи ҳукуматӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов оид ба таъмини эътидол дар шаҳри Хоруғ шунида шуд.

Баъд аз муҳокимаи нуқтаҳои гузориш аз мардуми шарифи ВМКБ, пеш аз ҳама сокинони шаҳри Хоруғ даъват карда шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои ҷинояткор ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ бояд яроқу аслиҳаро супурда, дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Ҳам аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну субот ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд.

Дар фарҷоми маҷлис қарор карда шуд, ки тамоми мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъи шаҳри Хоруғ ва татбиқи дастуру супоришҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят чораҳои аввалиндараҷа андешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.