Мораторияи оташбас дар Хоруғ то ахири рӯз тамдид ёфт

Мораторияи оташбас аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ то ахири рӯз тамдид ёфт. Аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ қотеъона ба замин гузоштани аслиҳа ва таслим кардани гумонбаршудагон ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров талаб карда шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамчунин намояндагони […]

ASIA-Plus


Мораторияи оташбас аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ то ахири рӯз тамдид ёфт.

Аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ қотеъона ба замин гузоштани аслиҳа ва таслим кардани гумонбаршудагон ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал-майор Абдулло Назаров талаб карда шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатӣ бо аҳолии маҳаллӣ суҳбатҳо доир намуда, аз онҳо даъват менамоянд, ки баҳри барқарор кардани субот кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ оид ба нобуд сохтани гурӯҳи Толиб Айёмбеков оғоз гардид, ки аъзои он ба қатли генерал Назаров гумонбар дониста мешаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 нафар ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳалок ва боз 40 нафар аъзои дастаҳои ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғ аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.