Шӯрои бадахшониёни Русия аз президент пешгирии хунрезиро дархост кард

Date:


Беш аз 10 ҳазор тоҷикистониёне, ки дар Русия кору иқомат доранд, дар робита ба вазъи муташанниҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд.

Дар муроҷиатнома зикр мегардад, ки бадахшониён қатли генерал Абдулло Назаровро маҳкум намуда, вале баргузории амалиёти низомӣ ддар ин минтақаро кобили қабул намешуморанд. Онҳо аз президент дархост кардаанд, ки дар давраи баргузории амалиёт амнияти сокинони Хоруғ ва манзилҳои онҳо таъмин карда шавад.

«Айни замон доир ба талафот миёни аҳолии осоишта маълумоти мухталиф мунташир мегардад ва набудани ҳеҷ робитае бо шаҳри Хоруғ нигаронкунанда аст. Шаҳрвандони тоҷике, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, феълан бо аҳли оила ва хешовандону наздикон дар тамос буда наметавонанд. Аз ин рӯ, барои пешгирии овозаҳои дигари баҳсбарангез, ки мардуми хориҷи кишварро ба гумроҳӣ меандозад, мо аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ҷиҳати барқарор кардани робитаи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ супориш диҳед», – омадааст дар муроҷиатномаи Шӯрои бадахшониёни Русия.

Дар муроҷиатнома ҳамчунин гуфта мешавад, амалиёти низомӣ дар Хоруғ бояд тибқи қонунгузории мавҷудаи Тоҷикистон сурат бигирад. «Мо мутмаинем, ки хунрезӣ зиндагии бе ин ҳам душвори тоҷиконро мушкилтар месозад. Ба такрори ҷанги шаҳрвандӣ набояд роҳ дод. Насли оянда ин амали моро нахоҳад бахшид», – зикр мегардад дар муроҷиатнома.

«Президенти муҳтарам! Мо боварӣ дорем, ки таҷрибаи андӯхтаи Шумо дар ҳалли вазъҳои буҳронӣ, ақли солим ва меҳру муҳаббати Шумо ба мардуми тоҷик хунрезиро пешгирӣ хоҳад кард. Дар ин моҳи шарифи Рамазон мо барои сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон дасти дуо мебардорем», – омадааст дар фарҷоми муроҷиатнома.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 24-уми июл дар шаҳри Хоруғ ва гирду атрофи он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ оид ба нобуд сохтани гурӯҳи Толиб Айёмбеков оғоз гардид, ки аъзои он ба қатли генерал Назаров гумонбар дониста мешаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 нафар ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳалок ва боз 40 нафар аъзои дастаҳои ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғ аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related