Шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз қарори судҳо шикоят доранд

Дар нимсолаи аввали соли равон ба унвони Ваолатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон 278 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ Азиз Солиев хабар дод, аз миқдори умумии муроҷиатҳо 41 адад шикоят ба қарорҳои судӣ, 6 шикоят нисбат ба мақомоти прокуратура, 17 шикоят ба ВКД, шаш […]

Аваз Юлдошев


Дар нимсолаи аввали соли равон ба унвони Ваолатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон 278 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ Азиз Солиев хабар дод, аз миқдори умумии муроҷиатҳо 41 адад шикоят ба қарорҳои судӣ, 6 шикоят нисбат ба мақомоти прокуратура, 17 шикоят ба ВКД, шаш шикоят ба Вазорати адлия, 4 шикоят ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, панҷ шикоят ба комиссариатҳоиҳарбӣ ва як шикоят ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дахл доранд.

«Муроҷиат ва шикоятҳои дигар ба фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марбутанд», – қайд кард Солиев.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми арзу шикояти шаҳрвандон таҳти назорати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гирифта шуда, барои ҳалли онҳо санҷишҳои дахлдор гузаронида шуданд.

«Айни замон дар ҳамдастӣ бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои тиббӣ, беморони рӯҳӣ, истифодаи шиканҷа ва ҳуҷҷатгузории он ва риояи ҳуқуқи кӯдак ба итмом расид. Ояндаи наздик натиҷаҳои мониторинг ба мақомоти марбутаи давлатӣ ва васоити ахбори умум пешниҳод хоҳанд шуд», – афзуд Солиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.