ИМА Тоҷикистонро ба риояи ҳуқуқи инсон даъват кард

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар робита бо хушунати ба наздикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон суратгирифта ва талафоти ҷонии гузориш додашуда хеле нигарон аст, – гуфта мешавад дар изҳороти интишоргардидаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон. «Мо дар робита бо ба ҳалокат расидани одамон ҳамдардии худро изҳор намуда аз амнияти сокинони осоишта ҳангоми гузаронидани амалиётҳои роҳбарияти […]

ASIA-Plus


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар робита бо хушунати ба наздикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон суратгирифта ва талафоти ҷонии гузориш додашуда хеле нигарон аст, – гуфта мешавад дар изҳороти интишоргардидаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

«Мо дар робита бо ба ҳалокат расидани одамон ҳамдардии худро изҳор намуда аз амнияти сокинони осоишта ҳангоми гузаронидани амалиётҳои роҳбарияти Тоҷикистон нигаронем.  Мо даъват ба амал меоварем, то ҳамаи тадбирҳо барои баровардани сокинони осоишта аз минтақаҳои ҷангӣ, аз он ҷумла шаҳрвандони хориҷие, ки айни ҳол дар шаҳри Хоруғ маҳкам шудаанд, андешида шаванд», – зикр мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин дар изҳорот аз Тоҷикистон даъват мешавад, то ҳамеша ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз он ҷумла озодии сухан ва ҷараёни озоди иттилоотро эҳтиром намояд. «Мо аз Тоҷикистон даъвати қатъӣ ба амал меоварем, ки ӯҳдадориҳои байналмиллалии худро тавассути гузаронидани тафтишоти шаффофи ҳодисаҳое, ки дар сарҳад ба вуқӯъ пайвастаанд иҷро намояд, ва ҳуқуқи ҳар як боздоштшударо, аз он ҷумла дастрасии онҳоро ба ҳимояи ҳуқуқӣ, муносибати башардӯстона, ва додрасии боадолат кафолат диҳад», – омадааст дар фарҷоми изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.