Ҳукуматдорон бардоштани сангарҳо дар Хоруғро талаб доранд

Вазъ дар шаҳри Хоруғ ором буда, мораторияи оташбас то соати 12-и рӯзи 27-уми июл дароз карда шуд. Дар ин бора хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ хабар дод. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки моратория то ахири ҳамин рӯз амал мекунад. Ба гуфтаи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», ҳукуматдорон чун пешина таслимшавии гумонбаршудагон дар қатли генерал Абдулло Назаров […]

ASIA-Plus


Вазъ дар шаҳри Хоруғ ором буда, мораторияи оташбас то соати 12-и рӯзи 27-уми июл дароз карда шуд. Дар ин бора хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Хоруғ хабар дод. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки моратория то ахири ҳамин рӯз амал мекунад.

Ба гуфтаи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс», ҳукуматдорон чун пешина таслимшавии гумонбаршудагон дар қатли генерал Абдулло Назаров ва супурдани аслиҳа аз ҷониби аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниро талаб доранд.

Ҳамчунин ҳукуматдрон тақозо доранд, ки то шоми имрӯз сангарҳое, ки дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ва даромадгоҳ ба маркази маъмурии ВМКБ сохта шудаанд, бардошта шаванд.

Ҷангиён ва аксари сокинони шаҳр ба супурдани гунаҳкорон ба ҳукумат розианд, вале танҳо пас аз аз хориҷ кардани нерӯҳои низомӣ, бозпас хондани нишонзанҳо (снайперҳо) аз мавзеъҳои гуногуни шаҳр ва кӯҳи атрофи шаҳри Хоруғ.

Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» узви комиссияи ҷамъиятиест, ки рӯзи 25-уми июл барои ошкор кардани шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоишта таъсис дода шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 12 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ ва 30 нафар ҷангиёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳалок ва боз 40 нафар аъзои дастаҳои ғайриқонунӣ боздошт шудаанд. Миёни аҳолӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, шумори ҳалокшудагон миёни аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғ аз 20 то 30 нафарро ташкил медиҳад.

Хабарнигор ҳамчунин хабар дод, ки шахсони номаълум аз дасти аҳолӣ телефонҳои моҳвораиро мегиранд, ки ягона воситаи иртибот бо Хоруғ аст. Муайян кардани шахсияти ин афрод ва бо кадом мақсад аз дасти аҳолӣ гирифтани телефонҳои моҳвораӣ муяссар нашуд, зеро алоқа бо хабарнигор қатъ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.