Дар нимсолаи аввали соли равон қарзи имтеъмолгарони нерӯи барқ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ба андозаи 146,3 млн. сомонӣ афзуд.
Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, моҳҳои январ-майи соли равон аз ҳама бештар ба ширкат вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба маблаги 14,2 млн. сомонӣ ва аҳолӣ дар ҳаҷми 28,8 млн. сомонӣ қарздор шудаанд.
Ҳамин тариқ, ба аввали ҳамин моҳ ҳаҷми умумии қарзи истеъмолгарон дар назди ширкати «Барқи тоҷик» 767,6 млн. сомониро ташкил дод. Қарздорони асосии ширкат аҳолӣ (315,7 млн. сомонӣ), вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (196,8 млн. сомонӣ) ва вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ (40,7 млн. сомонӣ) мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, ба аввали ҳамин моҳ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-1» 276,8 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти ширкат, дар нимолаи аввали соли равон ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 32,5 млн. сомонӣ аз маблағи қарз пардохта шудааст.



