Нигаронии шаҳрдории Душанбе аз сохтмони ғайриқонунии манзил дар мавзеи Ховарон

Чанде қабл дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев масоил ва мушкилоти сохтмони манзили зисти инфиродӣ дар пойтахт баррасӣ шуданд. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили вазъи корҳои сохтмони манзилҳои индивидуалӣ ва ҳолати таҳқиқу лоиҳакашии идомаи азхудкунии минтақаи Ховарон, пешгирии сохтмонҳои худсаронаву ғайриқонунӣ дар мавзеи мазкур, […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев масоил ва мушкилоти сохтмони манзили зисти инфиродӣ дар пойтахт баррасӣ шуданд.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар ҷаласа масоили вазъи корҳои сохтмони манзилҳои индивидуалӣ ва ҳолати таҳқиқу лоиҳакашии идомаи азхудкунии минтақаи Ховарон, пешгирии сохтмонҳои худсаронаву ғайриқонунӣ дар мавзеи мазкур, вазъи санитарию экологии шаҳр ва таъминот бо оби нӯшокӣ низ матраҳ шуданд.

«Ба масъалаи ҳолати иҷроиши қарори раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2012 «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Мутобиқи ин қарор ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти гов 29, гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, 1 л. равғани растанӣ то 8, як кг биринҷи ватанӣ то 7, як кг шакар то 5, 1 л. шир то 3, як кг картошка то 2, як кг сабзӣ то 2,2, як кг пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароварда шавад», – гуфт манбаъ.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.