Қарзи «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 60 млн. $ аст

Дар нимсолаи аввали соли равон қарзи имтеъмолгарони нерӯи барқ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ба андозаи 146,3 млн. сомонӣ афзуд. Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, моҳҳои январ-майи соли равон аз ҳама бештар ба ширкат вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба маблаги 14,2 млн. сомонӣ ва аҳолӣ дар ҳаҷми 28,8 млн. сомонӣ қарздор шудаанд. […]

ASIA-Plus


Дар нимсолаи аввали соли равон қарзи имтеъмолгарони нерӯи барқ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ба андозаи 146,3 млн. сомонӣ афзуд.

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, моҳҳои январ-майи соли равон аз ҳама бештар ба ширкат вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба маблаги 14,2 млн. сомонӣ ва аҳолӣ дар ҳаҷми 28,8 млн. сомонӣ қарздор шудаанд.

Ҳамин тариқ, ба аввали ҳамин моҳ ҳаҷми умумии қарзи истеъмолгарон дар назди ширкати «Барқи тоҷик» 767,6 млн. сомониро ташкил дод. Қарздорони асосии ширкат аҳолӣ (315,7 млн. сомонӣ), вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (196,8 млн. сомонӣ) ва вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ (40,7 млн. сомонӣ) мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ба аввали ҳамин моҳ қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-1» 276,8 млн. сомонӣ (ҳудуди 60 млн. $)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти ширкат, дар нимолаи аввали соли равон ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 32,5 млн. сомонӣ аз маблағи қарз пардохта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.