Мусодираи як миқдор маводи мухаддир аз ҷониби кормандони АНМН

Кормандони оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира кардани маводи нашъадор як амалиёти бобарор гузарониданд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда, дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ дар қочоқи мухаддирот аз ҷониби кормандони Агентӣ автомашинаи […]

ASIA-Plus


Кормандони оперативии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира кардани маводи нашъадор як амалиёти бобарор гузарониданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда, дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ дар қочоқи мухаддирот аз ҷониби кормандони Агентӣ автомашинаи тамғаи «Тико», таҳти идораи шаҳрванди 37 солаи кишвар манъ карда шуд.

Дар вақти азназаргузаронии автомашина аз дохили он ду халтачаи селофанӣ ёфт ва мусодира карда шуд, ки дар даруни якеи он воситаҳои алафмонанди ранги сиёҳу сабзчатоби бӯи махсус дошта  ва дар дигараш маводи кулӯхчамонанди сафеду зардчатоб ҷойгир карда буданд.

Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда навъи героин дар ҳаҷми 1 кг ва қариб 2 кг ҳашиш буд.  Маводи мазкурро шахси дастгиршуда аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо мақсади дар пойтахти кишвар фурӯхтан гирифта будааст.

Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қ. 3 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандии ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Дар айни замон нашъаҷаллоб ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

Бо мақсади муайян кардани шахсони дигари ба ин ҷиноят алоқаманд ҳаракатҳои тафтишотӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.