Бар асари поин рафтани нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, даромади Тоҷикистон аз содироти он коҳиш ёфт.
Дар гузориши семоҳаи Раёсати таҳлилии Бонки рушди авруосиёӣ (БРАО) таҳти унвони «Макромониторинги ИДМ» гуфта мешавад, ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи авали соли ҷорӣ 7,2%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, қайд мекунанд таҳлилгарони бонк, истеҳсолоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 14,6%, аз ҷумла бахшҳои бофандагиву дӯзандагӣ дар ҳаҷми 80% афзоиш ёфтаанд. Ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта 1,2 маротиба зиёд шуда, ба афзудани содироти ин маҳсулот ба андозаи 65,1% имкон фароҳам овард.
«Аммо поин рафтани нархи ин ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ба коҳиши даромади Тоҷикистон аз содироти ин маҳсулот боис гардид, – таъкид мегардад дар гузориши БРА. – Дар маҷмӯъ, коҳиши нархҳои содиротӣ ва болоравии нархҳои воридотӣ ба касри тавозуни савдои ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 50,3% ба ММД оварда расониданд».
Дар гузориши таҳлилии «Макромониторинги ИДМ» зикр мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли равон иқтисоди кишварҳои узви ИДМ суръати пешинаи афзоишро нигоҳ доштааст. Ҳаҷми афзоиши он дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 4,65%-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта (4,67%) камтар аст.



