Панҷ: Боздошти хизматчии нерӯҳои марзбонӣ бо 380 кило маводи мухаддир

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хизматчии ҳарбии қисми низомии 2610-и Сарраёсати КДАМ мустақар дар ноҳияи Панҷро боздошт намуданд. Аз боздоштшуда ҳудуди 380 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод,  боздоштшуда Суҳроб Файзалиев қаблан ин ҷиноятро […]

Сайраҳмон Назриев


Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хизматчии ҳарбии қисми низомии 2610-и Сарраёсати КДАМ мустақар дар ноҳияи Панҷро боздошт намуданд. Аз боздоштшуда ҳудуди 380 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод,  боздоштшуда Суҳроб Файзалиев қаблан ин ҷиноятро тарҳрезӣ намуда, чандин маротиба дар бораи сана ва вақти гирифтани маводи мухаддир бо сокини Афғонистон гуфтушунид кардааст.

«Хизматчии ҳарбӣ шаби 22-юми июл дар марз боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови автомашинаи ӯ 8 адад халта ва як адад қуттии дорои 21,6 кило маводи мухаддири героин, 37 кило афюн ва 320 килову 860 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд, ки вазни умумии он беш аз 379 килоро ташкил дод», – гуфт манбаъ.

Нисбат ба ин аъмоли марзбон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, қочоқ, убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Санаи 27-уми июл суди гарнизони вилояти Хатлон барои ҳабси Суҳроб Файзалиев иҷозатнома дод.

Зикр гардид, ки боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз кардааш пушаймон аст. Тафтишоти пешакӣ аз рӯйи ин далел идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.