Чоҳи «Шаҳринав-1» ба андозаи беш аз 70% парма шуд

Корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1»-и минтақаи Сариқамиш дар Тоҷикистон ба андозаи беш аз 70% ба иҷро расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, аз чуқурии лоиҳавии 6 ҳазору 300 метр то санаи 25-уми июл 4 ҳазору 690 метри чоҳ парма шудааст. Ба иттилои манбаъ, захоири пешбинишудаи газ […]

Заррина Эргашева


Корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1»-и минтақаи Сариқамиш дар Тоҷикистон ба андозаи беш аз 70% ба иҷро расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд, аз чуқурии лоиҳавии 6 ҳазору 300 метр то санаи 25-уми июл 4 ҳазору 690 метри чоҳ парма шудааст.

Ба иттилои манбаъ, захоири пешбинишудаи газ дар минтақаи Сариқамиш дар ҳаҷми 18 млрд. метри мукааб, нафт ба андозаи 17 млн. тонна ва гази омехташуда дар таркиби нафт ба миқдори 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Дар робита ба анҷоми корҳо дар чоҳи «Шаҳринав-1» (36 километрии ҷанубу ғарби Душанбе) аз хадамоти матбуоти ширкат иттилоъ доданд, ки маъмулан барои сохтмони ба ин монанд чоҳҳо на камтар аз 2-2,5 сол вақт зарур аст. Gazprom International ба корҳои парамакунии чоҳи «Шаҳринав-1» 7-уми декабри соли 2010 оғоз бахшида буд.

Аввали соли равон зимни вохӯрии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо чанде аз намояндагони мақомоти раҳбарии Gazprom International зикр гардида буд, ки корҳои пармакунӣ дар майдони нафтугаздори Сариқамиш тибқи нақша соли равон ба итмом мерасанд.

Дар Тоҷикистон умедворанд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани чоҳи «Шаҳринав-1» ҷумҳурӣ истиқлолияти бо газ ва нафти худӣ таъмин буданро ба даст оварда метавонад. Айни замон Тоҷикистон газро аз Ӯзбекистон ва маҳсулоти нафтиро аз Русия, Туркманистон ва дигар кишварҳо ворид мекунад.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.