Нуриддин Шамсов сафири нави Тоҷикистон дар ИМА таъин шуд

Бо фармони сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нуриддини Шамсов сафири нави Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъин карда шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қаблан Нуриддини Шамсов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Австрия, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) ифои вазифа мекард. То сари […]

Меҳрангез Турсунзода


Бо фармони сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нуриддини Шамсов сафири нави Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъин карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, қаблан Нуриддини Шамсов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Австрия, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) ифои вазифа мекард. То сари мансаб омадани Н.Шамсов намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ИМА-ро Абдуҷаббор Ширинов роҳбарӣ мекард.

Ҳамчунин бо фармони сарвари давлат сафири Тоҷикистон дар Ҷопон Ғуломҷон Бобозода ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таъин карда шуд.

Исматулло Насрединов намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия) таъин гардид. То ин замон ӯ дар мансаби сардори Раёсат оид ба кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолият дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.