HRW: Зимни амалиёт дар ВМКБ Тоҷикистон бояд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад

Зимни амалиёти махсус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҷикистон бояд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад, – изҳор медорад созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch. «Пас аз оғози амалиёти низомӣ барои дастгир намудани аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи гумонбар ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон дар бораи даҳҳо тан ҳалокшудагону маҷруҳон хабар дода шуд», – гуфта […]

ASIA-Plus


Зимни амалиёти махсус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҷикистон бояд ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузорад, – изҳор медорад созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch.

«Пас аз оғози амалиёти низомӣ барои дастгир намудани аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи гумонбар ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар Бадахшон дар бораи даҳҳо тан ҳалокшудагону маҷруҳон хабар дода шуд», – гуфта мешавад дар изҳороти созмон.

«Вазъ дар ВМКБ изҳори нигаронии амиқеро ба бор меорад, – гуфт коршинос оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch Стив Свердлоу. – Ҳарду ҷонибро барои пешгирии таҳдиди минбаъда ба ҳаёти аҳолӣ мебояд чораҳои зарурӣ андешид».

Human Rights Watch хотирнишон месозад, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар марҳилаи фаъоли амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ 16 нафар хизматчиёни ҳарбии мақомоти қудратӣ, 30 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва 2 нафар аҳолии осоишта ҳалок шудаанд. Сарчашмаҳои мустақил бошанд, дар бораи миқдори зиёди қурбониён миёни аҳолии осоишта хабар доданд. Human Rights Watch ба санҷидани ин маълумот имкон надошт. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки 40 тан аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша бо шумули 8 нафар шаҳрвандони Афғонистон боздошт шудаанд.

«Зимни ба ҳабс гирифтан ва баргузории дигар амалиёти марбут ба таъмини амният ҳукуматдорон бояд меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ оид ба истифодаи нерӯро риоя намоянд, – зикр мегардад дар изҳороти созмон. – Муқаррароти асосии СММ оид ба истифодаи нерӯ ва аслиҳаи оташфишон аз ҷониби макомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо мекунанд, ки дар ин ҳолатҳо қабл аз истифодаи нерӯ ва аслиҳаи оташфишон то ба ҳадди ниҳоӣ аз воситаҳои осоиштаи ҳалли мушкилот истифода шавад. Ин муқаррарот танҳо дар сурати «зарурати шадиди ҳифзи ҳаёт» ба кушодани оташ аз аслиҳаи оташфишон иҷозат медиҳанд».

Human Rights Watch ҳамчунин аз қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, иртиботи телефонӣ ва баста будани роҳҳо низ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.