Дархости афзоиши дукаратаи ҳаҷми кӯмаки низомӣ ба Тоҷикистон аз конгресси ИМА

Муовини котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк иттилоъ дод, ки маъмурияти президенти ИМА Барак Обама аз конгресс афзоиши ҳаҷми кӯмакҳои низомӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2013-ро дархост кардааст. Асноди буҷетӣ гувоҳи онанд, ки дар муқоиса бо сатҳи соли ҷорӣ маблағгузорӣ дар чаҳорчӯби «Барномаи маблағгузории хориҷии […]

ASIA-Plus


Муовини котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк иттилоъ дод, ки маъмурияти президенти ИМА Барак Обама аз конгресс афзоиши ҳаҷми кӯмакҳои низомӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2013-ро дархост кардааст.

Асноди буҷетӣ гувоҳи онанд, ки дар муқоиса бо сатҳи соли ҷорӣ маблағгузорӣ дар чаҳорчӯби «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» барои Тоҷикистон қариб ду маротиба афзуда мешаванд.

Ҳафтаи гузашта Блейк ба мақомоти қонунгузории кишвараш хабар дод, ки соли 2011 ИМА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» дар ҳаҷми беш аз 6 млн. ва «Барномаи хориҷии омӯзиш ва омодагӣ» дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Мутобиқи маълумоти ҳуҷҷатҳои дархости буҷетии Кохи сафед барои соли молиявии 2013, ҳаҷми воситаҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби барномаҳои зикргардида ба ҷуз Тоҷикистон, барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми пешина боқӣ мемонанд. Барои Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузорӣ дар доираи «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» аз 800 ҳазор доллари ИМА-и соли 2012 то ба 1,5 млн. доллари ИМА дар соли 2013 зиёд карда мешаванд.

«Ин воситаҳо ба дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар беҳбуди омӯзиши забони англисӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои байнулмилалӣ, таъмини амнияти марзҳо, иштирок дар амалиётҳои байнулмилалии таъмини сулҳ ва ҳамчунин роҳандозии чораҳо оид ба аз мина безараргардонӣ равона хоҳанд шуд», – зикр мегардад дар ҳуҷҷатҳои буҷетӣ.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.