Боздошти қумондони афғон дар робита ба рӯйдодҳои Хоруғ

Хадамоти амнияти миллии Афғонистон ба гумони даст доштан дар рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ қумондони нерӯҳои амниятии вулусволии Шуҳадои музофоти Бадахшони Афғонистон Қорӣ Вадудро боздошт ва ба шаҳри Кобул мунтақил кардааст, – хабар медиҳад радиои «Озодӣ». Сардори Раёсати Хадамоти амнияти миллии музофоти Бадахшони Афғонистон Самунвол Сахидод дар мусоҳиба бо радиои «Озодӣ» ин иттилоъро таъйид карда, гуфтааст, […]

Аваз Юлдошев


Хадамоти амнияти миллии Афғонистон ба гумони даст доштан дар рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ қумондони нерӯҳои амниятии вулусволии Шуҳадои музофоти Бадахшони Афғонистон Қорӣ Вадудро боздошт ва ба шаҳри Кобул мунтақил кардааст, – хабар медиҳад радиои «Озодӣ».

Сардори Раёсати Хадамоти амнияти миллии музофоти Бадахшони Афғонистон Самунвол Сахидод дар мусоҳиба бо радиои «Озодӣ» ин иттилоъро таъйид карда, гуфтааст, Қорӣ Вадуд аввалин боздоштшуда дар Афғонистон дар робита ба рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ аст. Ба гуфтаи ӯ, боздошти афроди дигари гумонбар ба муташанниҷ сохтани вазъ дар Хоруғ идома хоҳад ёфт.

Самунвол Сахидод ҳамчунин далели маҳви ҳашт нафар шаҳрвандони Афғонистон дар ҷараёни амалиёти низомӣдар Хоруғ ва боздошти боз чаҳор нафар шаҳрванди кишвараш дар ин амалиётро низ тасдиқ намудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни суҳбати телфонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон санаи 26-уми июли соли равон президенти Афғонистон Ҳомид Карзай эълом дошта буд, ки бо дастури ӯ ба ҷониби сарҳад, алалхусус минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯҳои иловагии низомӣ ва марзбонӣ фиристода хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай таъкид намуданд, ки байни роҳбарияти Афғонистону Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду мамлакат то ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия иртиботи доимӣ ва муассир барқарор хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.