Департаменти ИМА: Дар Тоҷикистон барои ҳиҷобу риш ба кор қабул намекунанд

Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба озодии мазҳаб дар ҷаҳон гуфта мешавад, сарфи назар аз ҷониби Сарқонуни Тоҷикистон ҳифз шудани озодии динӣ, дигар асноди қонунгузорӣ ва сиёсати роҳандозишуда дар кишвар ин озодиро маҳдуд месозанд. Бино ба иттилои хабаргузории Ca-News бо истинод ба маълумоти Департаменти давлатии ИМА, ҳукумати Тоҷикистон як қатор аз ин маҳдудиятҳоро мавриди […]

ASIA-Plus


Дар гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба озодии мазҳаб дар ҷаҳон гуфта мешавад, сарфи назар аз ҷониби Сарқонуни Тоҷикистон ҳифз шудани озодии динӣ, дигар асноди қонунгузорӣ ва сиёсати роҳандозишуда дар кишвар ин озодиро маҳдуд месозанд.

Бино ба иттилои хабаргузории Ca-News бо истинод ба маълумоти Департаменти давлатии ИМА, ҳукумати Тоҷикистон як қатор аз ин маҳдудиятҳоро мавриди амал қарор дода, тамоили бад шудани риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба озодии мазҳабро зоҳир намуд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки айни замон танҳо мардони калонсол барои ибодат ба масҷидҳо мераванд ва ба сабту фаъолияти як қатор муассисаҳои динӣ иҷозат дода нашуда, онҳо баста шудаанд.

«Ҳукумат то ҳанӯз аз баргузории расму оинҳо ва фаъолияти чанде аз гурӯҳҳо, ки ба эътиқоди ҳукуматдорон, афкору ғояҳои бегонаро таблиғ намуда, ба тартиботи ҷамъиятӣ халал эҷод месозанд, изҳори нигроанӣ менамояд, – гуфта мешавад дар гузориш. – Дар бораи суистеъмол ва поймол гардидани ҳуқуқҳо аз рӯйи нишонаи мазҳаб ва эътиқод хабарҳо мунташир гардида буданд. Чанде аз занони ҳиҷобпӯш ва мардони ришдор ҳангоми қабул ба кор мавриди табъиз қарор гирифтаанд».

Бино ба маълумоти коршиносони маҳаллӣ, беш аз 90%-и аҳолии Тоҷикистонро мусулмонон ташкил медиҳад. Аксари аҳолӣ мусулмони равияи суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафия буда, тақрибан 4%-и мусулмонони равияи шиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқомат доранд. Дар кишвар ҳудуди 3366 масҷиди намози панҷгона ва 345 масҷиди ҷомеъ фаъолият дорад. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ 75 созмонҳои динии ғайримусулмонӣ амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.