Боздошти омӯзгори панҷакентӣ зимни порадиҳӣ дар Хуҷанд

Date:


Ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ нисбат ба омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар прокуратураи вилоят нисбат ба омӯзгори мактаби №20-и ҷамоати Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент О.М. мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 – 320, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят – Порадиҳӣ ба шахси мансабдор шахсан ё тавассути миёнарав)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Омӯзгор санаи 23-юми июл дар кабинети кории ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии шаҳри Хуҷанд ҳангоми пешниҳоди пора дар ҳаҷми 15 ҳазор рубли русӣ дастгир гардид. Ӯ ин маблағро барои мусоидат ба дохилшавии яке аз сокинони ҷамоати Лоиқ Шералӣ К.Ф. ба ин донишгоҳ ба ректор доданӣ будааст. Тафтишот аз рӯйи ин далел идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 23 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (нимсолаи аввали соли 2011 – 22 далел) ва 2 ҳолати порадиҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ 4 далели додани пора ба шахсони мансабдор сабт гардидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...