Чаппа шудани як панҷараи рекламавӣ болои роҳгузарон дар пойтахт

Дар маркази шаҳри Душанбе як булдозери сохтмонӣ ба симчӯби барқӣ бархӯрда, ба такягоҳи панҷараи рекламавӣ зарар расонид, ки дар натиҷа он болои роҳгузарон афтод. Субҳи имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи «Боғи кӯдакон (варзишгоҳи «Спартак») шоҳиди ин ҳодиса гардид. Дар натиҷаи чаппа шудани панҷараи рекламавӣ ду нафар занони синнусоли 20-25-сола […]

Акмал Маннонов


Дар маркази шаҳри Душанбе як булдозери сохтмонӣ ба симчӯби барқӣ бархӯрда, ба такягоҳи панҷараи рекламавӣ зарар расонид, ки дар натиҷа он болои роҳгузарон афтод.

Субҳи имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, рӯ ба рӯи «Боғи кӯдакон (варзишгоҳи «Спартак») шоҳиди ин ҳодиса гардид. Дар натиҷаи чаппа шудани панҷараи рекламавӣ ду нафар занони синнусоли 20-25-сола ҷароҳат бардошта, ба Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ шуданд.

Дар макони ҳодиса издиҳоми зиёди одамон ҷамъ омаданд. Занони ҷароҳатбардоштаро ба ҷои бехавф бурда, пас аз тамос гирифта натавонистан бо хадамоти наҷотдиҳӣ ва ёрии тиббии таъҷилӣ, онҳоро бо мошини роҳгузар ба Қарияи Боло раҳсипор намуданд.

То ҳол дар хусуси вазъи ҷароҳатбардоштагон ва сабаби рух додани ҳодиса маълумоти расмӣ ба даст овардан муяссар нагардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.