Боздошти омӯзгори панҷакентӣ зимни порадиҳӣ дар Хуҷанд

Ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ нисбат ба омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар прокуратураи вилоят нисбат ба омӯзгори мактаби №20-и ҷамоати Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент О.М. мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 – 320, қ. 1 (Тайёрӣ ба […]

Мавлуда Рафиева


Ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ нисбат ба омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар прокуратураи вилоят нисбат ба омӯзгори мактаби №20-и ҷамоати Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент О.М. мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 – 320, қ. 1 (Тайёрӣ ба ҷиноят – Порадиҳӣ ба шахси мансабдор шахсан ё тавассути миёнарав)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Омӯзгор санаи 23-юми июл дар кабинети кории ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии шаҳри Хуҷанд ҳангоми пешниҳоди пора дар ҳаҷми 15 ҳазор рубли русӣ дастгир гардид. Ӯ ин маблағро барои мусоидат ба дохилшавии яке аз сокинони ҷамоати Лоиқ Шералӣ К.Ф. ба ин донишгоҳ ба ректор доданӣ будааст. Тафтишот аз рӯйи ин далел идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии зиддифасод дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 23 далели гирифтани пора аз ҷониби шахсони мансабдор (нимсолаи аввали соли 2011 – 22 далел) ва 2 ҳолати порадиҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ 4 далели додани пора ба шахсони мансабдор сабт гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.