Медали аввали Тоҷикистон дар Олимпиадаро Мавзуна Чориева ба даст овард

Date:


Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқот оид ба бокс (вазни 60 кило) бар боксчии Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медали биринҷиро таъмин кард.

Ҳарифи Мавзуна Чориева қабл аз ин қувваозмоӣ бар варзишгари Маҷористон бо ҳисоби 10 бар 5 ғолиб омада буд. Ченг Донг дорандаи ду медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар солҳои 2008 ва 2010, ғолиби Бозиҳои Осиё дар соли 2010 ва дорандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2012 аст.

Даври аввали қувваозмоии Мавзуна Чориева ва Ченг Донг мусовӣ (2 бар 2) анҷом ёфта, дар се даври дигар пирӯзӣ (2 бар 1; 4 бар 3 ва 5 бар 2) насиби варзишгардухтари тоҷик гардид.

Ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева имкон дод, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, барои худ ҳадди ақал медали биринҷиро таъмин кунад. Дар даври ниманиҳоӣ Мавзуна Чориева рӯзи 8-уми август бо қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии ҷаҳон Кэти Тейлори 26-сола (Ирландия) қувваозмоӣ хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...