Медали аввали Тоҷикистон дар Олимпиадаро Мавзуна Чориева ба даст овард

Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқот оид ба бокс (вазни 60 кило) бар боксчии Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медали биринҷиро таъмин кард. Ҳарифи Мавзуна Чориева қабл аз ин қувваозмоӣ бар варзишгари Маҷористон бо ҳисоби 10 бар 5 ғолиб омада буд. Ченг Донг дорандаи ду медали нуқраи […]

Ҳайдар Шодиев


Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқот оид ба бокс (вазни 60 кило) бар боксчии Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медали биринҷиро таъмин кард.

Ҳарифи Мавзуна Чориева қабл аз ин қувваозмоӣ бар варзишгари Маҷористон бо ҳисоби 10 бар 5 ғолиб омада буд. Ченг Донг дорандаи ду медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар солҳои 2008 ва 2010, ғолиби Бозиҳои Осиё дар соли 2010 ва дорандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар соли 2012 аст.

Даври аввали қувваозмоии Мавзуна Чориева ва Ченг Донг мусовӣ (2 бар 2) анҷом ёфта, дар се даври дигар пирӯзӣ (2 бар 1; 4 бар 3 ва 5 бар 2) насиби варзишгардухтари тоҷик гардид.

Ин пирӯзӣ ба Мавзуна Чориева имкон дод, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, барои худ ҳадди ақал медали биринҷиро таъмин кунад. Дар даври ниманиҳоӣ Мавзуна Чориева рӯзи 8-уми август бо қаҳрамони чаҳоркарата ва феълии ҷаҳон Кэти Тейлори 26-сола (Ирландия) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд