Омӯзиши 30 ихтисоси нав дар макотиби олии ҷумҳурӣ

Соли нави хониш дар макотиби олии Тоҷикистон 30 ихтисоси нав мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти касбӣ ва пасаздипломии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Алидод Расулов хабар дод, вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш додааст, ки бо назардошти талаботи бозори меҳнат омӯзиши ин ихтисосҳоро ба роҳ […]

Меҳрангез Турсунзода


Соли нави хониш дар макотиби олии Тоҷикистон 30 ихтисоси нав мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти касбӣ ва пасаздипломии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Алидод Расулов хабар дод, вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш додааст, ки бо назардошти талаботи бозори меҳнат омӯзиши ин ихтисосҳоро ба роҳ монанд.

Ба гуфтаи вай, омӯзиши ихтисосҳои нав дар Донишгоҳи миллӣ, Донишкадхои забон, иқтисод, тиҷорат, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва ҳамчунин дар Донишгоҳҳои давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба роҳ монда мешавад. «Ихтисосҳои нав ба бахшҳои иқтисод, техника ва технология дахл доранд», – гуфт ӯ.

Расулов зикр кард, ки мутобиқи нақша, соли 2012 макотиби олии ҷумҳурӣ 30 ҳазору 200 нафар донишҷӯёнро қабул мекунанд. «Аз ин шумор 11 ҳазору 100 нафар донишҷӯён дар бахши буҷетӣ таҳсил хоҳанд кард», – иброз дошт номбурда.

 Қобили зикр аст, ки шумори хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумӣ дар соли 2012 беш аз 101 ҳазор нафарро ташкил дод. Соли равон барои таҳсил дар мактабҳои олии кишвар 1 ҳазору 185 адад квотаи президентӣ ҷудо шуд, ки нисбат ба соли гузашта 35 адад бештар аст.

Намояндаи Вазорати маориф таъкид кард, ки соли ҷорӣ дар ҳеҷ кадоме аз макотиби олии ҷумҳурӣ нархи таҳсил боло бурда нахоҳад шуд. Бино ба маълумоти вазорати мазкур, айни замон дар Тоҷикистон 30 мактаби олӣ фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд