Шикасти Мавзуна Чориева аз варзишгари Ирландия

Date:


Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар Олимпиадаи Лондон варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева аз намояндаи Ирландия, қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба бокси занона Кэти Тейлор бо ҳисоби 17 бар 9 шикаст хӯрд.

Ёдрас мекунем, ки дар қувваозмоии қаблии чаҳорякниҳойӣ Мавзуна Чориева бар намояндаи Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медалҳои биринҷии Олимпиадаро таъмин намуд.

Айни замон Мавзуна Чориева ягона варзишгари дастаи олимпии Тоҷикистон аст, ки ба Тоҷикистон медали олимпӣ ба даст овард. Қувваозмоиҳои боз шаш нафар варзишгарони дастаи олмипии Тоҷикистон дар пеш аст.

Аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони пойтахт, ки ба гирифтани медали тилои Олимпиада сазовор мегарданд, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, онҳоро ба унвони шаҳрванди фахрии пойтахт сарфароз мегардонад. Дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпиада аз Тоҷикистонро мақомоти шаҳрдории пойтахт мутаносибан бо 45 ҳазор ва 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳад кард.

ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...