Гуфтушуниди пушти дарҳои пӯшида оид ба ҳузури пойгоҳи низомии Русия

Рӯзи чоршанбе ҳайати Вазорати мудофиаи Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ гуфтушунид анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, гуфтушунидҳо пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои он муяссар […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи чоршанбе ҳайати Вазорати мудофиаи Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, гуфтушунидҳо пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, дастрас кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои он муяссар нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар робита ба ин масъала изҳор карда буд, ки гуфтушунидҳо перомуни ин масъала ба таври маъмулӣ ҷараён доранд. Ӯ аз  аз ифшои маблағи иҷора, ки Тоҷикистон барои ҳузури пойгоҳи низомӣ талаб дорад, худдорӣ варзида буд.

«Ман танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки барои ифшои маълумоти муҳими давлатӣ дар қонунгузории мо масъулият пешбинӣ шудааст», – гуфта буд ӯ.

Дар идома Ҳамрохон Зарифӣ иттилои як қатор расонаҳои хабарӣ дар мавриди гуфтушуниди Тоҷикистон бо ИМА дар масъалаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии ин кишвар дар Тоҷикистонро рад намуда, иброз дошта буд, ки «дар ин хусус мо бо ИМА ҳеҷ гуфтушуниде надорем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.