Шикасти Мавзуна Чориева аз варзишгари Ирландия

Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар Олимпиадаи Лондон варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева аз намояндаи Ирландия, қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба бокси занона Кэти Тейлор бо ҳисоби 17 бар 9 шикаст хӯрд. Ёдрас мекунем, ки дар қувваозмоии қаблии чаҳорякниҳойӣ Мавзуна Чориева бар намояндаи Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медалҳои биринҷии Олимпиадаро таъмин […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар Олимпиадаи Лондон варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева аз намояндаи Ирландия, қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба бокси занона Кэти Тейлор бо ҳисоби 17 бар 9 шикаст хӯрд.

Ёдрас мекунем, ки дар қувваозмоии қаблии чаҳорякниҳойӣ Мавзуна Чориева бар намояндаи Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медалҳои биринҷии Олимпиадаро таъмин намуд.

Айни замон Мавзуна Чориева ягона варзишгари дастаи олимпии Тоҷикистон аст, ки ба Тоҷикистон медали олимпӣ ба даст овард. Қувваозмоиҳои боз шаш нафар варзишгарони дастаи олмипии Тоҷикистон дар пеш аст.

Аввали соли равон сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи таъини мукофотпулӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои олимпии XXX-ум аз Тоҷикистон фармон ба имзо расонид. Мутобиқи он ба варзишгари тоҷике, ки медали тило ба даст овард, 300 ҳазор сомонӣ, ба дорандаи медали нуқра – 250 ҳазор сомонӣ ва ба дорандаи медали биринҷии Олимпиада 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин карда шуд.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба варзишгарони пойтахт, ки ба гирифтани медали тилои Олимпиада сазовор мегарданд, хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим карда, онҳоро ба унвони шаҳрванди фахрии пойтахт сарфароз мегардонад. Дорандагони медалҳои нуқра ва биринҷии Олимпиада аз Тоҷикистонро мақомоти шаҳрдории пойтахт мутаносибан бо 45 ҳазор ва 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳад кард.

ҶСК «Ориёнбонк» дар бораи ба ҷойизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Лондон аз Тоҷикистон туҳфа кардани автомобилҳои тамғаи «Лексус» изҳори омодагӣ кард.

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ваъдаи ба ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 миёни варзишгарони тоҷик тақдим кардани манзили дуҳуҷрагиро тасдиқ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.