Тоҷикистон ба мушкилоти ҳамватанони маҳрум аз шаҳрвандӣ расидагӣ мекунад

Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав боздод намуданд. Дар ин марказ шаҳрвандони хориҷие, ки аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷират боздошт шудаанд, муваққатан нигоҳ дошта мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, […]

Аваз Юлдошев


Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав боздод намуданд.

Дар ин марказ шаҳрвандони хориҷие, ки аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷират боздошт шудаанд, муваққатан нигоҳ дошта мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар маркази мазкур барои нақзи қонунгузории маъмурӣ ва муҳоҷират 106 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

«Миёни онҳо шаҳрвандоне ҳузур доранд, ки ҳанӯз солҳои 1987-1990 Тоҷикистонро тарк гуфта, шаҳрвандии ҳеҷ кадоме аз кишварҳои пасошӯравиро надоранд ва муддати тӯлонӣ дар қаламрави Русия ба сар мебаранд», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия дар ҳамдастӣ бо хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ният дорад, ки бо мақомоти дахлдори Русия мушкилоти чунин шаҳрвандони ҷумҳуриро ҳал намояд.

Дар ҳамин ҳол, зикр гардид, ки ҳангоми боздид аз Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати умури дохилии шаҳри Маскав ошкор шудааст, ки дар ин ҷо сокини 24-солаи ноҳияи Тоҷикобод Юсуф Шодиев қарор дорад, ки аз моҳи феврали соли 2012 бе ному нишон гумшуда шуморида мешуд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.