Русия шумори квотаҳо барои курсантҳои тоҷикро афзуд

Зимни конфронси матбуотӣ дар Душанбе муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор кард, ки бо дархости Тоҷикистон Русия шумори квотаҳо барои таҳсили курсантҳои тоҷик дар макотиби олии низомии Русияро афзуд. «Ҳамтоҳои тоҷикистонии мо чанде қабл дархост намуданд, ки шумори квотаҳои таҳсили ройгон дар макотиби олии низомии Русия барои курсантҳои тоҷик афзуда шавад. Вазири мудофиаи Русия […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни конфронси матбуотӣ дар Душанбе муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор кард, ки бо дархости Тоҷикистон Русия шумори квотаҳо барои таҳсили курсантҳои тоҷик дар макотиби олии низомии Русияро афзуд.

«Ҳамтоҳои тоҷикистонии мо чанде қабл дархост намуданд, ки шумори квотаҳои таҳсили ройгон дар макотиби олии низомии Русия барои курсантҳои тоҷик афзуда шавад. Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ин дархостро ба инобат гирифта, тақрибан ба андозаи 20% шумори квотаҳо барои таҳсили ройгони курсантҳои тоҷикро зиёд кард, ки ин ҳудуди 150 нафарро ташкил дода, онҳо аллакай тирамоҳи соли равон ба таҳсил шурӯъ мекунанд», – гуфт Анонов.

Ҳайати Вазорати мудофиаи Русия таҳти роҳбарии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюков шоми 7-уми август ба Душанбе омад. Дар ҷараёни сафар Анатоий Антонов бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар мансабдорони баландпояи ҳукумати кишвар дидору гуфтушунид анҷом дод.

Дар гуфтушунидҳои мазкур масоили ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи бузургтарини нерӯҳои хушкигарди Русия дар хориҷи ин кишвар буда, ҷузъу томҳои он дар се шаҳри Тоҷикистон – пойтахт ва ду шаҳр дар ҷануби ҷумҳурӣ мустақар шудаанд. Пойгоҳи мазкур соли 2004 ба муҳлати 10 сол таъсис дода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.