Боздошти ду нафар гумонбарони қатли язнаи президент

Date:


Дар Душанбе ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсари хоҳари президент – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаров ду нафар боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», инҳо бародарон Тоҳир ва Фозил Ҳакимовҳо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъ ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дод, яке аз боздоштшудагон хеши наздик (язна)-и раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад будааст.

Ёдрас мекунем, ки Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон Д.К. дастгир шудааст. Ахири моҳи июл таппончае, ки аз он Х.Сафаров ба қатл расонида шуда буд, дарёфт гардид. ВКД бинобар сабаби ба ҷараёни тафтишот халал ворид насохтан, аз ифшои ному насаби ин боздоштшуда то ҳол худдорӣ мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...